Читать онлайн Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо бесплатно
© Шаҳзод Кенҷазода, 2024
ISBN 978-5-0062-8398-5
Создано в интеллектуальной издательской системе Ridero
Ту барои ман азизӣ!
- Ту барои ман азизӣ!
- Ту барои ман тамоми дилу ҷонӣ,
- ки нафасҳои ман аз будани он мехезад,
- Ва забонам, ки фақат номи туро медонад,
- Ва ду чашмам, ки туро мебинад,
- Ва лабонам, ки зи лабҳои ту як бӯсаи гарм
- Ва танам оғӯшат
- Ва ду дастам, ки ба зулфи ту зи ночорӣ
- раҳе мехоҳад,
- Ту ба ман бо ҳамаи ҳастият
- ва ба ин хомушию мастият
- Каси даркортарини манӣ, зебои дилам!
- Ту барои ман азизӣ!
- Ки дигар ҳеч касе, мисли ту бар дил
- натавонад нишаст,
- Ва қафас роҳи дигарро ба ҳама хубу баде
- рост бибаст.
- Лаҳзаеро, ки ба ман бахшидӣ,
- Дами зебои ҷаҳон буд барои мани девона ҳамон,
- Ту зи ман дур мабош,
- Ту фақат бо ман мон!
- Ту барои ман азизӣ!
- Чӣ бигӯям,
- Чӣ нагӯям…
- Чӣ ки мегӯиву гуфтиву шунудам,
- ҳамааш дар ёдам
- Ту ки ҳастӣ мани зиндонӣ ҳаме озодам…
- Ростӣ
- ман зи ҳаётам
- Бо ту бошам
- шодам!…
«Дар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо…»
- Дар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо,
- Фарқе надорад бар касе, буду набуди мо.
- Пас аз ғаме пайдо шавад, андӯҳи тозае,
- То оташи дигар занад, бар рӯйи дуди мо.
- Ҷуғрофиёи ин замин танг асту бесамар,
- Дар назди ҳаҷми ғуссаҳои беҳудуди мо.
- Созанда, най навозу бигӯ бар мани асир,
- Оё ту дидӣ ранг, ба сақфи кабуди мо?
- Аз мо набуду хостем, аз мо шавад яке,
- Бо латма мерабояд онро ҳасуди мо.
- Кай омадан сиёҳ буд, кай рафтан ончунон,
- Оғози марги мост, рафиқам, вуруди мо.
«Ман ба дил кандани дилдор, надорам бовар…»
- Ман ба дил кандани дилдор, надорам бовар,
- Ва чун осон шавам инкор, надорам бовар.
- Дар нигоҳаш ҳама дарде, ки аён аст маро,
- Бизанад хандаи саршор, надорам бовар.
- Лаҳзаҳо мегузаранду ғами ман дар қафасам,
- «Хайр!» гӯяд саду як бор, надорам бовар.
- Дили мо хонаи хубест, вале бе дару дом,
- Ҳар кӣ ояд, накунад кор, надорам бовар.
- Зиндагонӣ ба сари мо чӣ ҷафоҳо дорад?
- Ба сукути сари бозор, надорам бовар.
- Онкӣ мисли мани ошиқ ҳамагӣ бедор аст,
- Дорад аз ман ғами бисёр? Надорам бовар.
- Ҳарчӣ гуфтанду бигӯянду нагӯянд, вале
- Ман ба дил кандани хуммор, надорам бовар!
«Мо наметарсем аз теғу туфанги ҳеч кас…»
- Мо наметарсем аз теғу туфанги ҳеч кас,
- Мо намехоҳем бедодиву ҷанги ҳеч кас.
- Мо намедонем пиндори бадеро аз азал,
- Мо намеронем ҳарф аз ному нанги ҳеч кас.
- Мо намегӯем дар ин зиндагӣ чизе бад аст,
- Мо намемонем бар тасвиру ранги ҳеч кас.
- Мо намеҷӯем айб аз кори ҳар бечорае,
- Мо намедорем хас бар чашми танги ҳеч кас.
- Мо намехандем бар ҳоли ҳақиқатгуфтагон,
- Мо намемирем аз борони санги ҳеч кас.
- Мо намесозем аз сар кӯҳҳои бесурур,
- Мо намегардем роҳи пойи ланги ҳеч кас.
- Мо наметонем оё, пас бигӯедам чаро,
- Мо намегирем мулки худ зи чанги ҳеч кас?
- Мо намеғунҷем, эй дил, бо ту бар рӯйи замин,
- Мо намесӯзем қалби поку шанги ҳеч кас!…
«Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст…»
- Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст,
- Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
- Ишқ чун омада, медонӣ ба қалби ошиқ?
- Боиси ин ҳама девонагӣ як лабханд аст.
- «Дӯст дорам!» Ба ҳама гуфтани ин нодонист,
- Агар онро ту шунидӣ, ки ҳамон савганд аст!
- Боварӣ дорӣ, агар дӯст надорӣ ту касе,
- Ба дили мо бинигар, ойинаи дилбанд аст.
- Ишқ – вақте ба ту ғам омадаву танҳоӣ,
- Лек аз дидани аксе дили ту хурсанд аст?
- Ишқ, яъне ба ту маънои ҳаётат омад,
- Ки ту меҷӯӣ варо, лек надидӣ, чанд аст.
- Ишқ – он аст, ба дилдодаи худ мегӯӣ:
- – Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
«Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад…»
- Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад
- хаёли мо,
- Наметарсӣ чаро ин гуна аз қаҳру уболи мо?
- Чу як девона такрораш кунам, аммо намеёбам,
- Бигӯ то кай ҷавоберо намеёбад суоли мо?
- Дар ин танҳоӣ мегардам, зи худ бегонаву шояд,
- Касе ёбад хабар аз хастагии қалбу ҳоли мо.
- Намедонам кадомин лаҳза мепӯшад ба тан ҷома,
- Ба мисли кӯдаки урён, таманнои муҳоли мо.
- Кӣ мебозад ба ҷуз мо дар тамошогоҳи ин дунё,
- Чунин девонавор аз ишқи ту дар саҳна роли мо.
- Нашуд баъд аз вафоти Ҳофизи Шерозӣ кас пайдо,
- Ки созад рӯзу шаб зоҳир,
- чунон риндона фоли мо.
- Кунун парвози одам дар ҳаво он сон
- гарон гардид,
- Ҳама донад, шикастӣ, ҳамчу дилҳо бехи боли мо.
- Биё, бо зӯри лабханде, ҷаҳонеро чароғон кун,
- Намедонӣ, чӣ тур мӯҳтоҷи ишқ аст эҳтимоли мо.
«Чӣ тавр аз ин дилам берун кунам…»
- Чӣ тавр аз ин дилам берун кунам
- ёди туро ҷонон?
- Дилам гӯяд макун қаҳру
- бирав созиш бикун бо он.
- Намегӯям, намегӯям, чунин ҳастам,
- чунон ҳастам,
- Ҳазорон дардро дар кунҷи қалбам
- кардаам пинҳон.
- Куҷо хуршед метобад, намебинам, чаро, эй дил?
- Бароям осмон абрист, ҳар дам мезанад борон.
- Касеро ман намехоҳам, намедонам, чӣ мехоҳам?
- Туро ман дӯст медорам, туӣ наздиктарам аз ҷон.
- Ба рӯят аз тағофул чизи дигарро намебинам,
- Агар рӯзе бимирам аз фироқат, мешавӣ ҳайрон?
- Бирав, эй марди доно, нест инҷо ҷойи хомӯшӣ,
- Аз ин девонагӣ ҳосил гирифтам, гаштаам сарсон.
- Бипурсидам зи бас, шояд касе инро намедонад,
- Куҷо оғоз шуд ин қисса кай пайдо кунад сомон?
- Тамоми умри кӯтоҳам, ба ҳиҷри чеҳраи моҳат,
- Гузашт, эй меҳрабон, о, ин дилам
- бар ҳоли худ гардон!
«Магар аз хона биронанд…»
- Магар аз хона биронанд,
- куҷо меравӣ, эй дӯст?
- Хаста чун кӯҳи Дамованд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
- Ҳама манзил, ки ба як ҷо барад охар сари моро,
- Ту ба ҷуз назди Худованд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
- Умри якбора ба оворагӣ бигзашта равад, ҳайф,
- Ту на сарсон шудӣ ҳарчанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
- Ҳар қадар сонияи мо, ки ишорат диҳад аз ғайб,
- Бишнав аз фосила як панд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
- Гарчи бишкастӣ тамоми дилу ҷонро, чӣ бигӯям?
- Ба амал кардани савганд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
- Шавқи дидори ту дар дида аён аст, биё,
- то бо ман,
- Ҳамнафас бошиву хурсанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
- Роҳи мақсуди ту дур аст, бале, дури дарози беҳад,
- Пеши ман о, ба Самарқанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
«Ин чӣ сиррест…»
- Ин чӣ сиррест,
- ки дар ҷони ту пинҳон шудааст?
- Он чӣ сӯзест, ба мо решаи фармон шудааст?
- То кунун рӯйи ҷаҳон ҳамсафари ишқ, ки буд
- Аз нигоҳи дили Маҷнун ҳама ҳайрон шудааст.
- Назаре афканӣ кофист ба мо, вовайло,
- Дидаат мурдаи моро ҳама дармон шудааст.
- Зи куҷое ба замин Одаму Ҳавво омад?
- Пас аз он манзили мо хонаи шайтон шудааст.
- Айби мо бар сари нафсе натовон истодем,
- Баски он дам ба шикоят сари имкон шудааст.
- Ақл дорему забон, дида, ҷаҳон мебинем,
- Чанд кӯре ба ҳавас гӯӣ мусалмон шудааст.
- Қалби вайронаи моро туӣ меъмори азиз,
- Чи кунам, чун дили зебои ту вайрон шудааст?
Самарқандам
18-уми октябр —
рӯзи шаҳри Самарқанд аст
- Бароям, эй сабо, овардӣ пайғоми Самарқандам,
- Ки дурам ман, чӣ зебо гуфтиям
- номи Самарқандам.
- Забон ҳайрон, бигӯям ё нагӯям,
- шодӣ рафт аз ман,
- Мусофирам, ба ёд ояд, фақат коми Самарқандам.
- Шаби торик, хиёбони ҷавонон, боми Регистон,
- Шабеҳи он набошад дар замин,
- роми Самарқандам.
- Агар амсоли онро ман кунам таъриф, куҷо дорад,
- Чу нону обу себу ноку бодоми Самарқандам?!
- Замину осмонаш пок,
- чун халқи накӯву хоксори худ,
- Ҳама фориғ зи ғам,
- озодӣ – аҳкоми Самарқандам.
- Намехоҳам, тамоми сарвати дунё шавад аз ман,
- Бароям беҳтарин ҷоиза,
- шаҳҷомӣ – Самарқандам.
Ромишгари бузург
Ба Устод Муҳаммадризо Шаҷариён
- Эй садоят аз баландиҳо ба мо орад хабар,
- Ин садоро аз дили мо то абад, ҳаргиз мабар.
- Эй замину осмон муштоқи оҳанги нават,
- Бар хурӯш о!…
- Наъра зан!…
- Исён кун!
- Ғамро бубар!…
- Эй, ки дар майхонаи мо май туӣ, соғар туӣ,
- Дар замони безабон, танҳотарин довар туӣ.
- Ғарқи ишқему ба мо аз дардҳо ёвар туӣ,
- Боз ҳам андешаи нав ор, чун гулҳо ба бар.
- Мо зи оҳанги ту ҷонро бар амон овардаем,
- Мо чароғ андар ниҳоди ин замон овардаем.
- Мо туро ҳамчун ба қалби хеш аз он овардаем,
- Боз рӯҳи ҳар касе бинмо ба оҳангат забар.
- Як суруди ошиқона, як суруди беғубор,
- Аз ту мехоҳем, эй Устоди бузурги табор.
- Бо садоят бар дили мо завқ ор, озодӣ ор,
- То касе натвон занад бар решаҳои мо табар.
- Эй замину осмон муштоқи оҳанги нават,
- Хезу бо ҳар ғуссаҳои умр, чун Рустам, ситез!…
«Тулӯъи партави ҳуснат…»
- Тулӯъи партави ҳуснат
- бароям доварӣ дорад,
- Хушо, ки дидани рӯи ту меҳри ховарӣ дорад.
- Ба ишқам бо нигоҳи шӯхӣ мангар, эй малаксимо,
- Дилам бар ваъдаи барбоди ту чун боварӣ дорад.
- Ҷафоҳоят пазируфтам, пазироям, ки баъд аз ин
- Фалак бар дидаи мо турфа нақшу соварӣ дорад.
- Бигӯям шукри Яздоне, маро осуда медорад,
- Ба посухи машаққат андаке ҳам ёварӣ дорад.
- Зи оғӯши баҳори худ маро бебаҳра месозӣ,
- Дарахти умри мо гаҳ хушку гаҳ бороварӣ дорад.
- Маро дар оташи ишқат бисӯзонӣ, намемирам,
- Муҳаббат ин чунин зӯру сари ҷанговарӣ дорад.
«Садои хаста будани маро шунидани ту бас…»
- Садои хаста будани маро шунидани ту бас,
- Маро ҳамин шуниданат, диҳад ҳазору як нафас.
- Ба рағми одатам, туро намекунам дигар хаёл,
- Чи гуна ишқи меҳрубон, ситам кунад ба ҷони кас.
- Кабӯтаре, ба сӯи ман наё, зи ман хабар нагир,
- Бубин чи тавр ҳолатам, бубин чи танг шуд қафас.
- Дар ин ҳавои зиндагӣ шамоли тунд мевазад,
- Ту пушту пешро нигар, намонда ҳеҷ асар ба пас.
- Азизи ман, ба роҳаму равам ба назди ту, басе
- Зи теғи чашми ҷодуят, зиёда мешавад ҳавас.
- Ҳама ҷафо барои як нафар гаронӣ мекунад,
- Агар навозише бувад, шарик намо, ба қадри хас.
«Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст…»
- Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст,
- Бигзашта дақиқу олами ғайб ниҳон аст.
- Илму амали мо ҳамагӣ баҳри паёмест,
- Аз бори сипаргашта бари хайр гарон аст.
- Беҳуда маҷӯем нивиштори ниёгон,
- Маҷмӯаи пай дар пайи андӯҳу фиғон аст.
- Болиданамон аз ҳама ин наҳри аён чист?
- Не ҳоҷати гуфтору на даркори баён аст.
- Бо фурсати имрӯза фақат роҳ кушоем,
- Ҳар лаҳза ба пайдоиши мӯъҷиза макон аст.
- Ояндаи рахшон ба назар мерасад ар ҳол,
- Дар дил шараре бошаду пайванди такон аст.
- Ин гардиши сонияи умр аст, на таърих,
- Пирӯзию иқбол ки вобаста бар он аст.
- Рӯйоварӣ дар асри тамаддун ба қафо ҳайф,
- Идроки қавӣ бештар аз тиру камон аст.
- Дар кӯи наҷоти ҳама мақсуди абармард,
- Андӯхтани ҳолати имрӯзи замон аст.
Падар
- Ҳар замон аз буданам дар ин замин
- Мешавам шодон, чу тифли безабон.
- Менамоям шукри яздоне, ки ҳаст
- Мекунам шукри тамоми ин ҷаҳон.
- Рӯз то рӯз мерасам ман бар камол,
- Аз набудиҳо нагаштам дарбадар.
- То кунун ҳаргиз надидам ман завол,
- Дар сарам чун соябон гардид падар.
- Ёд дорам, ҳарфи абҷадро шабе,
- Бо ҳазорон ранҷҳо омӯхтам.
- Буд он устоди ман, шодон будам,
- Гӯиё асрори ганҷ омӯхтам.
- Пеш рафтан дар раҳи некўву ҳақ,
- Он биёмӯхт, ин шиори зиндагист.
- Ишқ варзидан ба илму маърифат
- Як қадам бар давраи тобандагист.
- Борҳо таъкид намуд, бар ман: – Писар!
- Шоирӣ бар дӯши ту орад ғаме!
- Лек, аммо, ман набитвонам падар,
- Тарки шеъру шоирӣ кардан даме.
- Дар раги ман хун занад туғён чу мавҷ,
- Ин ҳамон хуне, ки дар рагҳои ӯст.
- Гар расад рӯзе сарам бар тоқи авҷ,
- Ин ҳама аз ранҷу захматҳои ӯст.
Ҷавонӣ
- Ҷавонӣ! Бо ту ман аз кӯчаҳо бисёр нагзаштам,
- накардам бештар монанди дигарҳо худандозӣ.
- Ба ишратҳои беҳамтову даври дӯстонам ҳам,
- надидам ҳеч худро дар миёни баҳсу лаҷбозӣ.
- Ҷавонам то ҳанӯз аммо, мисоли ман ҷавоне ку?
- Чунон саргарми ғавғоям, ки гӯӣ дар сарам олам.
- Надорам тоқате бар ҳарзагӯиҳову мастиҳо,
- Барои бо худам будан, ҷаҳони холӣ мехоҳам!
- Ман андар байни ин дунёю он дунё парешонам,
- Ба рӯҳам ҷомае пӯшидаам, оҳиста месӯзад.
- На оташ медиҳад анҷом ин умри гаронамро,
- Ман аз теғе бимирам,
- к-он нигаҳ бар сина медӯзад.
- Ҷавониям, чунон зуд аз барам парвоз мехоҳад,
- Дигаргун мешавад то рафт дар оинаҳо тасвир.
- Наметарсам сиёҳи мӯям ар гардад сапед, ин сон
- Дарахтон сабз мерӯянду хокӣ мешаванд охир.
- Ҳазорон ҳайф, медонам, ҷавонӣ барнамегардад,
- Аз ин рӯ, ман ҳамин ҳоло, худамро боз месозам.
- Ба шеърам медиҳам болу ба ҳарфи хеш озодӣ,
- чу бо ҳар як сухан бар қалби инсоне раҳ андозам.
- Ҷавонӣ! Бо ту мехоҳам, рафиқи ҷоние бошам,
- Набитвонад ҷудо кардан туро аз ман талотумҳо.
- Гузашти солу маҳ орад, агар чанде ба рӯ ожанг,
- бароям даргузашту пирӣ монад ҳамчу мафҳумҳо.
Олу
- Як дона олуро гирифту бар даҳон андохт,
- бо дидани ман дар лабаш лабхандҳо омад.
- Бо нӯги мӯяш аз ҳаё бар бозие пардохт,
- аз дидаам чашмаш гирифту бар замин омад.
- Гӯӣ ки дар умқи нигоҳам буд шарори барқ,
- ё сад ҳазорон ҷилваи кайҳони бепоён.
- Аз ман намедонист куҷо бигрезад ин ҳангом,
- ман бо тамоми ҳастиям дар иффати ӯ ғарқ.
- Мо ҳар ду худ биспарда будем андари доме,
- чун як асири шодмон, чун бастаи озод.
- Дар ақл оромию дар дил шӯълаи коме,
- танҳо ба ҳоли мо гувоҳе буд, ки ӯ ҳам бод.
- Оҳиста поям мениҳам сӯи парипайкар,
- оҳиста лаб во мекунам то ҳоли ӯ донам.
- Ваҳ, ин чӣ зебоӣ? Кӣ зод онро чу як заргар?
- Ваҳ, ин чӣ эҳсосе, ки ман ҳозир диҳам ҷонам?
- Дар рӯи ӯ сурхии олу мешавад пайдо,
- дар чашми ман уммеди будан дар бараш як дам.
- Кош ин дами тӯлонии умрам шавад, аммо
- ҳусни варо то лаҳзаи охир надидан кам!…
Пазироӣ
- Ман худамро мешиносам!
- Одамам дар мавҷи одамҳои дунёе, ки меҳмон мешаванд ҳар рӯзу нобуд ҳам,
- Одамам, буду набудам бо Ҳаво вобаста, медонам.
- Андарунам баҳри сурхе то нафас дорам
- ҳавас дорад,
- Сайр бинмояд тамоми ҷисму ҷонамро.
- Ман худамро мешиносам!
- Зодаи деҳам ва дар шаҳре худамро
- ҷустуҷӯ дорам,
- Ҳарфҳоям бӯи деҳистону
- рафторам намуди деҳаро дорад,
- То ҳанӯз аз худ намесозам каси воломақомеро,
- Чун ки дар деҳам ҳама монанди кӯҳу
- хонаи лоянд,
- Содаву бо ҳам қарину бериё, дилбанд.
- Тифлаке будам, падар аз дасти ман медошт,
- Шояд аз дасташ гузашт ин шоирӣ бар ман.
- Як дам аз шеъру ғазал дурӣ надидам ҳеч,
- Лаҳзае бар ин ҷудоӣ тоқатам ҳам нест,
- Ман худамро бо китоби панди Мавлоно,
- Бо шакаргуфториҳои Саъдии Шероз,
- Бо нигоҳи Ҳофизу бо дониши Сино,
- Бо насиҳатҳои Соиб мекунам пайдо.
- Ман худамро мешиносам, мекунам эҷод,
- Ишқ меорад ба лаб оҳанги зеборо.
- Гоҳ ғарқи олами беш аз тамоми ҳастии худ мешавам чун бод,
- Гоҳ баҳри сардии андешаҳое мешавам оташ,
- Гоҳ баҳри сабзии гулҳои дил обам,
- Аз азал хокию охир ҳамбари хокам,
- Дар замини кӯчаке монанди афлокам!
- Ман худамро мешиносам!
- Ин ҳанӯз андак,
- Худшиносӣ мекунам то лаҳзаи поён,
- Қуллаҳое ҳаст дар ман, худ намедонам,
- Бо гузашти умр як-як мешавад равшан.
- Мепазирам ман шуморо ношиносонам,
- Қуллаҳои ноаёни ошнои ман!
«Одатам нест, касеро ба касе бифрӯшам…»
- Одатам нест, касеро ба касе бифрӯшам,
- Одатам нест, ба ҳарфи ҳама додан гӯшам.
- Одатам боварии беш ба худ доштан аст,
- Одатам дар дили ҳар кас ҳавасе коштан аст.
- Баҳри ин мардуми хушҳол диҳам дорамро,
- Ҳеч нагзошта бар дӯши касе борамро.
- Одатам то ки тавонам бинишонам дарахт,
- Диҳад он соя ба гармию диҳад мева ба сахт.
- Дӯст дорам бинишинам ба бари дӯст ҳаме,
- Байни ин давра фақат сулҳу ба дил нест ғаме.
- Дӯст дорам шунавам ҳарфи рафиқонамро,
- Дӯст дорам бидиҳам гар талабад ҷонамро.
- Ман аз ин ҷо ба худам ҳеч намехоҳам, ҳеч,
- Бигзарад бо ману бе ман нафасе андар печ.
- То ҷаҳон ҳаст, фақат сулҳ ба олам хоҳам,
- То ҷаҳон ҳаст, фақат меҳр ба одам хоҳам.
«Туро озурда мебинам…»
- Туро озурда мебинам,
- дилат хун гашта баъд аз ман,
- Табассум кам ва андӯҳу ғам афзун гашта
- баъд аз ман.
- Зимистони замин яксон намудаст он нигоҳатро,
- Магар нодида мегирад, ҳама ин дарду оҳатро?
- Намехоҳӣ ҷудо гардӣ зи ёдам хуб медонам,
- Тамоми хотироти боҳамӣ маҳбуб медонам.
- Бароям лаҳзаҳои ҳамдамӣ буд мисли як рӯъё,
- Набояд буд раҳо кардан, кунун фаҳмидам он гӯё.
- Вале дер аст, акнун бар пушаймонӣ, ки медонӣ,
- Ту ҳам монанди ман лаб баста
- дар торикӣ мемонӣ.
- Писанди мо ғурур андар миёни ишқу худхоҳӣ,
- Ман ар шоҳи ҷаҳон бошам,
- ту дар қайди фалак моҳӣ.
- Замин ҷои бузурге нест, ин танҳоии мо низ,