Читать онлайн Писари иблис Наримон. 8 бесплатно
© Некрӯз Назирзода, 2020
ISBN 978-5-4498-1908-6
Создано в интеллектуальной издательской системе Ridero
Ба Фархунда Зуҳурова, ки олами афсонаҳоро дӯст медорад.
писари иблис
Наримон
Назирзода Н. Ғ
Фасли якум
Кӯдаки деринтизор ба дунё омад
Рӯзе як писараке ба дунё омад. Писараке, ки таваллуди он ҳамаашро аз доира баровард. Ӯро Наримон мегуфтанд. Наримон писараки ғайриоддӣ буд. Ӯ зурриёди иблис ва инсон буд, ки падари ӯ яке аз иблисҳо, модар бошад, як зан. Дар вуҷуди Наримон ду зот мубориза мебурд, инсон ва иблис. Ҳама медонист, ки аз ин ду қувва якеаш ғолиб меояд ва Наримон дар тарафи ҳамон ғолиб мешавад. Аммо худи Наримон кӣ шудан мехоҳад? Инсон ё иблис? Хисдатҳои иблисӣ пурқудраттаранд ё инсонӣ? Зулмот ғолиб мегардад ё равшанӣ?
Падари Наримон ба қудрати калон соҳиб буд. Ӯ Камар ном дошт. Гарчанде, Камар иблис бошад ҳам, аз намуди зоҳирӣ ба иблис монанд набуд. Ӯ чашмон ва мӯйҳои сиёҳ, қаду қомати боқувват ва тақрибан чилу панҷ сола менамуд.
Модар бошад як инсони оддӣ буд. Ӯ Мариям ном дошта, мӯйҳои ҷингилаи норинҷӣ, чашмони ҷигарии паст, қадду қомати хароб дошт. Пас аз таваллуди Наримон Мариям писарашро гирифта, ба шаҳри дигар бо он мақсаде, ки Камар онҳоро наёбад, рафт. Мариям медонист, ки агар Камар Наримонро ёбад, ба мамлакати иблисҳо мебарад. Ба он ҷое, ки зулмот ва беадолатӣ ҳукмронӣ мекунад. Он ҷое, ки меҳру муҳаббат, орзую умедро намедонанд. Он ҷое, ки иблисҳои ба хун ташна зиндагӣ мекунанд. Мариям метарсид, ки писараш дар тарафи онҳо мешавад..
Як шаб ба назди хонаи Мариям як паррандаи калони уқобмонанди сиёҳ, ки чашмони даҳшатноки зард дошт, парида омад ва ба назди дари хонаи дуошиёна нишаст. Парранда оҳиста баланд шуда, болҳо ва парҳои ӯ ғоиб шуданд ва ӯ ба одам табдил ёфт. Ранги зарди чашмон оҳиста ғоиб гаштанд. Ӯ Камар буд, ки дар тан либоси сиёҳи дароз дошт. Камар ба хонаи Мариям омад. Ӯ дасташро дароз карду ба дар дасташро нарасонд, аммо дар худ аз худ кушода шуд. Камар оҳиста ба хона даромад. Хона тип – торик буд ва чизеро дида намешуд. Камар дасти росташро каф ба боло карда кушод ва кафи ӯ оҳиста сурх шуду дар болои каф худ аз худ оташ дар гирифт. Бо равшании ҳамон оташ ӯ оҳиста ба ошиёнаи дуюм, ки ҳуҷраи Мариям буд, баромад. Ба назди ҳуҷра омада кафашро пӯшид ва оташ ғоиб шуд. Камар дастаки дарро дошта, кӯшиш намуд, ки кушояд аммо дар қулф буд. Ӯ ба дастаки дар нигоҳ карда, муддате истод. Чашмони ӯ ба ранги зард табдил ёфтанд, ки гӯё дар даруни чашмон оташ аланга мезад. Дар худ аз худ якбора калон кушода шуд. Вақте, ки Камар даромад, дар он ҷо низ касе набуд ва хуҷра холию торик буд.
Ногаҳон тирезаи ҳуҷра кушода шуд ва ба хона нури сафед аз тиреза оҳиста ворид шуд, гарчанде нисфи шаб буд. Аз тиреза ба ҳуҷра як паррандаи зебои аҷибе, ки ранги сафед дошт, болзанон даромад. Парранда ба Камар наздиктар парида омаду, ба замин нафаромада, дар ҳаво ба духтаре табдил ёфт. Ӯ малика Алфинур буд. Малика Алфинур маликаи нури замин буд. Ӯ хеле зебо, дар тан либоси сафеди дароз, мӯйҳои дароз, чеҳраи нурангез ва дар сар тоҷи сафед дошт, ки дар болои тоҷ як санги кабуд зеб медод.
– Маликаи нур – Алфинур— гуфт Камар —Ҳуш омадӣ!
Малика Алфинур бо овози фораму ҷарангдораш гуфт:
– Камар, медонистам, ки Наримонро кофта меоӣ. Вақти деринтизори мо фаро расид. Он писар ба дунё омад, он писаре, ки тамоми дунёро тағйир медиҳад. Камар, ту бояд Наримонро то ба синни ҳаждаҳсолагиаш ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорӣ. Аз ҳама зиёд ӯро аз Авранг эҳтиёт намо. Аврангро ту хуб медонӣ ӯ барои мақсади худ ҳама монеъаҳои дар роҳ бударо нест менамояд ва Наримон монеъаи бузург дар роҳи ӯ аст. Авранг инро медонад
– Ман бояд чӣ кунам малика Алфинур? – пурсон шуд Камар —Оё Наримонро ба Тирагоҳ набарам? Оё дар он ҷо барои Наримон таҳдид калон аст? Авранг ба ман шарти ягонаи зинда доштани Наримонро гуфт. Он ҳам бошад, Наримонро ба замини иблисҳо бурда, ҳамчун иблис ба воя расонидан. Баракс Авранг Наримонро мекушад. Ман дар ноилоҷӣ мондам малика Алфинур— оҳи чуқур кашид Камар.
– Ту Наримонро ба Тирагоҳ бубар Камар— гуфт малика Алфинур —Бигузор, ӯ дар наздат бошад. Дар берун ӯро таҳдидҳои зиёдтар интизор аст. Ту барои зинда мондани Наримон ба ҳама шартҳои Авранг розӣ шав. Авранг пурқудрат аст ва аз дасти ӯ ҳама чиз меояд. Ягона наҷод- ризогӣ аст. Авранг кӯшиш мекунад, ки Наримонро ҳамчун иблис ба воя расонад. Ӯ медонад, ки дар вуҷуди Наримон ду қувва, инсоният ва иблисӣ рақобат мекунад аммо худи Наримон то синни ҳпждаҳ кӣ буданро аниқ мекунад. Худи ӯ тарафро интихоб менамояд, ё зулмот ё равшанӣ. Ман аз рӯзи таваллуд Наримонро аз назари худ дур накардаам ва медонам, ки Мариям ӯро ба куҷо бурд. Агар хоҳӣ, туро мебарам.
Малика Алфинур дасташро ба Камар дароз кард. Даме ки Камар дасти малика Алфинурро дошт, ҳарду якбора ғоиб шуданд.
Дар шаҳри дигар, дар як ҳуҷраи торик Наримон хоб мекард. Ӯ ҳоло кӯдакчаи нозукакак буд. Аз ҳама чиз бехабар, ором нафас мекашид.
Мариям ногаҳон бедор шуд ва ба ҳар сӯ нигоҳ кард. Сипас ба кӯдаке, ки дар ҷойгаҳи хурдакаки худ оромона хоб мекард, нигоҳ кард. Мариям ташнагиро ҳис карда, барои об нӯшидан баромад ва дарро кушода гузошт. Шуълаи моҳтобе, ки аз тиреза медаромад хонаро нимравшан месохт. Ба он шӯъла тобхӯрон аз дари нимкушода як мори сиёҳу дарозе ба хона даромад. Мор оҳиста ба кӯдак наздик шуд. Ӯ ба назди кӯдак омаду худро печонида, сарашро бардошт.
Ҳамон вақт кудак чашмонашро кушод, ки чашмони ӯ зап – зард буданд.
Мариям ба хона даромад ва манзараи дар хона бударо дида, ба чашмони худ бовар намекард. Дар хона Камар ва дар даст ӯ кӯдак Наримон меистод.
– Камар— гуфт Мариям дар ҳайрат —Не, ту ин тавр карда наметавонӣ. Ту Наримонро аз ман гирифта рафта наметавонӣ!
– Ман маҷбурам Мариям— гуфт Камар —Агар ман Наримонро ба Тирагоҳ набарам, Авранг ӯро мекушад. Ҷои ягона барои зинда мондани фарзандамон- ин Тирагоҳ аст!
– Дар он ҷо зиндагӣ кардан чӣ суд? – гуфт Мариям —Дар он ҷо фақат зулмат ҳукмронӣ мекунад. Наримон мисли онҳо калон мешавад. Беҳтараш, Наримонро ба ман деҳ. Ман ӯро гирифта ба ҷойҳои дур меравам. Ба он ҷое, ки моро ҳеҷ кас ёфта наметавонад.
– Ту Аврангро намедонӣ— гуфт Камар —Агар ҳозир ман бе Наримон ба Тирагоҳ дароям, маро ҳам, Наримонро ҳам мекушад. Авранг гуфтагиашро иҷро мекунад ва ба ӯ на ман ва на ту муқобилият нишон дода метавонем.
– Ин тавр бошад аввал маро кушта рав— гуфт Мариям —Акнун ҳаётам мазмун гирифт. Он мазмунро аз ман нагир Камар!
– Маро бубахш Мариям— гуфт Камар ва кӯдак дар даст дардуи онҳо ғоиб шуданд.
Мариям бошад, гирякунон ва додзанон ҳама чизҳои хонаро чаппа роста мекард. Чизи рост омадаашро ба девор мезаду бо овози баланд мегуфт:
– Лаънат ба ҳаммаи шумоён! Лаънат!
Камар дар назди як кӯҳи баланде пайдо шуд. Наримон дар дасти Камар оромона хоб мекард. Кӯҳҳои баланди гирду атроф дар нури моҳтоб намоён буданд. Ҳама ҷо сокин ва ягон овозе ба гӯш намерасид. Камар ба кӯдак нигоҳ карду гуфт:
– Омадем писарам!
Дар ҳамон кӯҳ як ғоре буд. Аз намуди зоҳирӣ ғори оддӣ буд ва он қадар дароз ҳам набуд. Камар ба охири ғор рафт ва дасташро ба девори сангини ғор гузошт. Дар мобайни дасти Камар ва санг оташ пайдо шуд. Камар дасташро гирифт ва санг даргирон як сӯрохаи доирашакле дар ғор пайдо шуд. Атрофи сӯроха даргирон оҳиста калонтар шуд. Камар аз даруни он сӯроха ворид шуд. Сӯроха боз даргирон оҳиста хурд шуда, пӯшида шуд ва оташ ғоиб гашт.
Айнан даруни ҳамон кӯҳи азимро «Тирагоҳ» меномиданд. Ҳама тарафи он сангин буд ва ягон растанӣ дар он ҷо мамерӯид. Он ҷо хонаи иблисҳо буд. Дар даромадгоҳ ҷои васеъ, ки ҳамаи иблисҳо ҷамъ мешаванд ва аз он ҷо якчанд пайроҳаҳо буданд, ки аз он пайроҳаҳо ба ҷойҳои гуногуни Тирагоҳ рафтан мумкин буд. Дар деворҳо оташҳо барои равшанӣ сохтан, дар таги по ва дар деворҳо морҳо, каҷдумҳо тортанакҳо ва гургони сиёҳу чашмонашон зард мегаштанд. Дар Тирагоҳ тақрибан сесад иблисҳо буданд.
Вақте, ки Камар даромад, ҳама иблисҳо ба ӯ нигоҳ карданд. Нигоҳ ва чашмони ҳамаи онҳо шахсро ба ваҳима меандохт. Ҳамаи он иблисҳо сиёҳ пӯшида буданд. Дар Тирагоҳ ягон хосият набуд ва дар онҷо шахс худро ҳамчун дар зиндони қотилон ҳис мекард.
Камар оҳиста Наримонро бардошта, аз мобайни иблисҳо мегузашт. Иблисҳо ба ӯ роҳ кушода ба ду тараф гузаштанд ва касе аз Камар ва Наримон чашмашро намеканд. Даме, ки Камар аз назди онҳо мегузашт, иблисҳо ба якдигар пичирос мезаданд:
– Наримонро овард. Инсонбаччаро овард. Касофатро овард. Ӯ дар ин ҷо зиёд зинда намемонад!
Онҳо ба кӯдак бо нигоҳи хунук, мисли ҳайвонҳои ваҳшӣ нигоҳ мекарданд.
Ҳамаи ин гапҳоро Камар шунавида, тарс ва ваҳима дар дили ӯ пурзӯртар мегашт. Камар дар ҳаёти худ бори нахуст аз чизе тарсид. Бори нахуст тарсро ҳис кард.
Камар оҳиста аз байни иблисҳо гузашта, ба як пайроҳаи таргтаре даромад ва роҳашро давом дод. Дар болои пайроҳа хонаҳои тортанакҳо пур буданд ва тортанакҳои сиёҳи заҳрдор дар ҳама деворҳои Тирагоҳ дида мешуд. Дар он ҷо на дар ва на тиреза мавҷуд буд.
Камар ба як ҷое даромад, ки монанди толор буд. Дар мобайн як курсии шоҳона буд, ки рангаш кабуди баланд ва дар болояш сари мор тасвир карда шуда буд. Дар ду тарафи курсӣ сутунҳои баланд буданд ва дар нӯги он сутунҳо оташ дар мегирифт. Дар пеши курсӣ бошад, як миз буд. Дар паҳлӯи чапи курсӣ як қамчини сиёҳи дарозе буд, ки мисли мор ҷунбида меистод. Дар деворҳои ҳуҷра низ оташҳо буданд.
Даме, ки Камар ба он ҷо ворид шуд, дар он ҷо чаҳор бародарон ва хоҳарони ӯ буданд. Ду бародар ва ду хоҳар. Бародари калонии ӯ, ки сардори Тирагоҳ буд, дар курсӣ менишаст. Ҳамон бародарашро Авранг меномиданд.
Авранг иблисе, ки ранги хунук, чашмони сафеду зард, бемӯ буд. Аз сараш ду шохи кӯтоҳ баромада буд. Аз берангии пӯст, рагҳои кабуди ӯ дар баданаш намоён буд. Дар рӯи чап, аз таги чашм то назди лаб асари захм буд. Лабони кабуд ва даҳони калон дошт. Дар тан либоси сиёҳи ғайриоддие дошт, ки гӯё пӯсти морро дар тан дошта бошад. Камар мисли иблисҳои дигар бераҳм, бешафқат, худбин ва сангдил буд. Шахсе, ки бо гапи ӯ розӣ нашуд, раҳм намекард. Барои ҳамин дар Тирагоҳ ҳама аз ӯ меҳаросиданд.
Бародари дуюм Бадир ном дошт. Хулқи Бадирро фаҳмидан душвортар буд. Дар чеҳраи ӯ ягон эҳсосот на ханда, на ғамгинӣ, дида мешуд. Ӯ ҳамчун одами оҳанин рафтор мекард. Чашмон ва мӯҳои сиёҳ, дандонҳои каҷу килеб, қомати боқувват дошт. Дар тан либоси дарози сиёҳ, дар даст шамшер дошт.
Хоҳари калонӣ бошад Сафия буд. Ранги Сафия аз ҳад зиёд сафед, қомати хароб ва чашмони калони кабуд дошт, ки аз намуди зоҳирӣ мори обиро ба ёд меовард. Мӯйҳои сиёҳи баланд, дар тан либоси сиёҳи дароз ва миёнбанд дошт.
Хоҳари аз ҳама хурдиро Луиза меномиданд. Луиза ба дигарон монанд набуд. Ӯ ранги нисбатан гармтар, мӯйҳои сурхчатоб, абрӯҳои борик, қомати хароб дошт. Ӯ нисбат ба иблис бисёртар ба инсон монандтар буд.
Авранг нисбат ба Камар ва Луиза зиёдтар Бадир ва Сафияро ҳуш медид. Барои он, ки ҳардуи онҳо фармонҳои ӯро бе ягон камбудӣ ва муқовимат иҷро мекарданд. Камар ва Луиза бошанд, аз намуди зоҳирӣ зиёдтар инсониятро ба хотир меовард ва зоте, ки Авранг дар ин дунё нисбаташ нафрати калон дошт, инсоният буд. Авранг инсониятро ночор, қабеҳ ва беқувват зот меҳисобид. Мақсади аввалиндараҷаи Авранг, аз болои тамоми инсоният ҳукмронӣ кардан, дунёро ба дасти худ гирифта, ба зулмот табдил додан буд.
Камар оҳиста Наримонро бардошта, даромад. Ҳар чаҳори онҳо ба Камар ва ба кӯдаке, ки дар дасти ӯ буд, нигоҳ карданд. Авранг оҳиста аз ҷои худ хест.
– Наримонро овардам— гуфт Камар ба Авранг нигоҳ карда —Чӣ тавре, ки фармоиш додӣ.
– Ниҳоят— гуфт Авранг —Он зот ба ҳузури ман ташриф овард.
Ӯ оҳиста ба Камар наздик шуда, ба кӯдак нигоҳ карду суханонашро давом дод:
– Он зоте, ки на иблис ва на инсон. Он зоте, ки дар дарунаш хуни бузурги иблисҳо бо хуни қабеҳи инсон омехта аст. Ин кори ту барои зоти мо пасткашӣ аст— ӯ ба Камар нигоҳ кард.
Камар бошад, ба замин нигоҳ мекард. Авранг суханонашро давом дод:
– Наҳод, ту ҳамин зотро, ҳамин мисли шапарак беқувватро «писарам» гӯён фахр мекунӣ?
– Ту оварданро фармон додӣ, овардам— ҷавоб дод Камар.
– Оё медонӣ, чаро ин тавр фармон додам? – пурсид Авранг ва Камар сухан накарда гапашро давом дод —Барои он, ки зоте хуни иблисро дорад, набояд бо инсонҳо ба воя расад. Набояд дар тарафи инсоният бошад. Барои ҳамин писарат ё дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунаду мисли иблиси ҳақиқӣ ба воя мерасад ва қоидаҳои моро азхуд менамояд, ё умуман зиндагӣ намекунад!
Камар сарашро бардошта ба Авранг нигоҳ кард.
Авранг суханашро давом дод:
– Медонам, ки кадом роҳро интихоб мекунӣ ва пешакӣ гӯям, ки писарат то ба синни ҳаждаҳ расидан аз Тирагоҳ як қадам ҳам ба берун намебарояд, инсониятро намебинад, модараш инсон будагиашро намедонад. Фақат бо қонуну қоидаи иблисҳо зиндагӣ мекунад. Агар ба ҳаждаҳсола нарасида аз Тирагоҳ барояду ба инсоният ҳамроҳ шавад, ҳамон рӯз ҳам туро ва ҳам писаратро марги бешафқат интизор аст. Агар ба ҳамин шарти ман розӣ бошӣ, писарат зинда, дар ҳамин ҷо мемонад.
Камар хомӯш меистод. Ҳама бошад ҷавобро интизор буданд.
– Ҷавобро интизорам— гуфт Авранг —Розӣ ҳастӣ ё не?
Камар ба чеҳраи хурдакаки Наримон нигоҳ карду ҷавоб дод:
– Розӣ ҳастам!
Фасли дувум
Асрори Тирагоҳ
Аз байн чордаҳ сол сипарӣ гашт. Наримон ба синни чордаҳ расид ва ҳоло бори нахуст ҳам инсонро надидааст. Ҳаёти инсонӣ чи буданашро намедонист. Ӯ дар байни иблисҳо, мору тортанакҳо калон шуд ва дар бораи некӣ, зебогӣ ва меҳр ҳатто тасаввуроте надошт. Намедонист, ки дард чӣ аст. Ба фикри наримон ҳаёт ин даруни Тирогоҳ аст ва Тирагоҳ тамоми дунёи Наримон буд. Дар давоми чордаҳ сол ҳатто ба баромадгоҳи Тирагоҳ наздик ҳам нашуд.
Наримон писараки содда буд ва мӯйҳои ҷигарию чашмони калон – калон, ки ранги чашмон низ ранги мӯйҳои ӯ ҷигарӣ буданд. Дар вақтони охир Наримон бисёр таъсирчан шуда буд, ки ин хислати ӯ Камарро хавотир мекарду ғазаби Аврангро меовард. Соддадил будани ӯ дар назди амакбачааш Самеъ боз ҳам намоёнтар мешуд.
Самеъ писари Бадир буд. Ӯ аз Наримон як сол хурд буд, аммо аз Наримон зиёд чизро медонист. Самеъ мисли падараш бераҳм, сангдил буд. Ҳайвонҳои дар Тирагоҳ бударо кушта, морҳоро майда – майда карда мегашт. Ӯ мӯйҳои зард, чашмони кабуд қомати хароб ва дандонҳои калон – калон дошт. Ба хулқи хунуки ӯ нигоҳ накарда, Наримон ва Самеъ муносибати хуб доштанд.
Модари Самеъ яке аз иблисҳои Тирагоҳ Кибрия буд. Кибрия аз намуди зоҳирӣ бо Самеъ монанд буданд. Ӯ низ мӯйҳои зарду чашмони калони кабуди ранги хунукӣ, пешонаи майда дошт ва шакли рӯи ӯ рӯи қурбоққаро ба назди чашм меовард. Кибрия Наримонро хуш намедид ва Ба Самеъ бо Наримон вақти зиёд гузаронданро манъ мекард. Аммо ба муқобилияти Кибрия нигоҳ накарда, Самеъ вақти зиёди худро бо Наримон мегузаронид, барои он, ки дар тирагоҳ дигар иблиси наврас набуд.
Рӯзе Наримон як морро дар даст бозикунон нишаста буд, ба наздаш Самеъ омад.
– Наримон— гуфт Самеъ —Ҳаёти ту умуман ғайриоддӣ. Аз саҳар то шаб ҳайвонҳоро бозикунон менишинӣ, ягон сеҳру ҷодуро омӯхтан намехоҳӣ, аз Тирагоҳ дар ҳаётат набаромадӣ. Барои чӣ айнан ба ту баромадан мумкин нест? Сабабаш чӣ бошад?
– Ман низ шабу рӯз ба худам савол медиҳам— гуфт Наримон —Чаро айнан ман? Чаро ба ман мумкин нест, ки ба берун бароям ва одамонро бубинам. Самеъ, ту бори зиёд ба берун баромадӣ. Ҳаёт дар берун чӣ хел? Зоте, ки «Инсон» ном дорад чӣ хел аст?
– Ба ту чӣ тавр тасвир кунам— гӯён Самеъ ба девор нигоҳ карду инсониятро тасвир кард —Инсонҳо тарсончак ва камқувват. Онҳо сеҳру ҷодуро намедонанд, ба ягон ҳайвон табдил ёфта наметавонанд, бо як сухан инсонҳо аз ҳама зоти заиф ҳастанд. Чаро айнан дар бораи инсонҳо мепурсӣ, на ин ки афсунгарҳову париён?
– Надонам— ҷавоб дод Наримон —Худ низ намедонам, ки чаро дар бораи инсоният зиёдтар донистан мехоҳам.
Оҳи чуқур кашид ӯ.
– Наримон бихез! Ба ту як чизро нишон медиҳам.– гуфт Самеъ —Аниқ медонам, ки ту инро надидаӣ ва дар ҳайрат мемонӣ!
– Самеъ— гуфт Наримон —Ба берун баромадан ба ман қатъиян манъ аст. Ту инро хуб медонӣ.
– Ба берун намебароем— гуфт Самеъ —Он чиз дар ҳамин ҷо, дар даруни Тирагоҳ аст.
– Оё дар ин ҷо ягон чизе ҳаст, ки ман намедонам? – Наримон ба тааҷҷуб афтид ва мори бозӣ кардаистодаашро ба гарданаш гузошту аз ҷояш хест.
Онҳо бо як пайроҳаи танг ба боло баромаданд.
Самеъ роҳравон гуфт:
– Ман ҳам намедонистам. Дирӯз падарам ба ман нишон дод ва ман низ ба тааҷҷуб афтидам. Падарам ба ман ду асроре, Тирагоҳ дорад, нақл кард. Шояд ҷойҳое, ки мо намедонем, дар ин ҷо зиёд бошанд.
Пайроҳа хеле танг, дароз ва то рафт ториктар мешуд. Самеъ барои роҳро дидан дар кафаш оташ пайдо кард. Наримон низ каф ба боло, дасташро кушод ва дар болои кафи ӯ оҳиста оташ пайдо шуд. Онҳо роҳро давом медоданд. Дар як ҷое, ки пайроҳа гардиш дошт, истоданд.
– Мана ин ҷо— гуфт Самеъ.
Наримон ба ҳар тараф нигоҳ кард. Аммо чизи ҳайратомезаш набуд. Танҳо пайроҳаи тангу торик, ки самташро дига карда буд. Наримон ҳамин тавр фикр кард, аммо ҳоло ҷои муҳимаш наомада буд. Самеъ оҳиста дастонашро ба девор монд ва дар девор шакли чоркунҷа, ки атрофаш дар мегирифт, пайдо шуд. Он шакл оҳиста ҷудо шуду ба боло баромад ва дар девор даромадгоҳ пайдо шуд. Онҳо ҳарду оташҳои болои кафро хомӯш намуданду ба дарун даромаданд. Дарун мисли толор калону васеъ буд ва дар деворҳо оташҳо буданд. Наримон ба ҳар тараф нигоҳ карду гуфт:
– Ин ҷоро бори нахуст мебинам.
– Ин ҳоло ҳамаш не— гуфт Самеъ —Ба ин ҷо биё!
Самеъ ба охири толор рафту ба поён нигоҳ кард.
– Инро бубин!
Наримон аз қафои Самеъ рафт ва дид, ки дар охири толор як чуқурии калону васеъи чоркунҷа буд. Ҳаҷми он ҷуқурӣ мисли як ҳуҷра буд ва чуқурии ӯ тақрибан даҳ ва ё ёздаҳ қадам мебаромад. Дар он ҷо пурри морҳои сиёҳи калон – калон, ки дарозии ҳар якташ тақрибан ду қадам мебаромад, тобхӯрон меистоданд. Онҳо ҳамин тавр зиёд буданд, ки замин дар чуқурӣ намоён намешуд.
– Ин қадар мори зиёдро акнун мебинам— гуфт Наримон дар ҳайрат —Онҳоро кӣ ба ин ҷо ҷамъ кардааст ва барои чӣ?
– Инҳо морҳои оддӣ нестанд— гуфт Самеъ —Инҳоро «Флунҳо» меноманд. Бо нақли падарам дар дунё ғайр аз инҳо дигар Флунҳо нестанд. Ин морҳо тақрибан дусад сол пеш, аз тарафи иблисҳо дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо сохта шудаанд. Чӣ ҷонзоте набошад ҳам, ки агар ба тӯдаи Флунҳо фарояд зинда намемонад, ҳатто иблисҳо. Дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо иблисҳо афсунгарҳои охиронро дар ҳамин ҷо, бо азоб куштаанд. Ҳоло афсунгарҳо дар дунё мавҷуд нестанд. Дар ҷанги тӯлонӣ иблисҳо ғолиб омада буданд.
Самеъ море, ки дар гардани Наримон истода буд, гирифту дар болои чуқурӣ овезон дошт. Флунҳо оҳиста ба ҷои мефаромадани мор ҷамъ шуданду сарашонро бардошта, ба ҳамла омода шуданд. Мор бошад, аз тарс фаромаданро намехост ва ба дасти Самеъ мечаспид.
– Ту чӣ кор мекарданӣ ҳастӣ? – Наримон гуфт —Бубин мор метарсад напарто!
Мор аз тарс дасти Самеъро газид. Самеъ бошад, ба газидани мор парво ҳам накарду гуфт:
– Ҳозир шоҳиди тамошои аҷоиб мешавӣ.
Ӯ морро сар дод. Даме, ки мор фаромад, Флунҳо ӯро пора пора карданд.
– Бубин— гуфт Самеъ —Онҳо як зот бошад ҳам, Флунҳо инро намедонанд, онҳо фақат куштанро медонанд ва айнан барои ҳамин Флунҳо сохта шуда буданд. Онҳо ҳатто соҳиби худро мекушанд.
– Дастатро сахт газид? – Наримон ба дасти Самеъ нигоҳ кард.
– Не— ҷавоб дод Самеъ —Ҳатто таъсир накард.
Самеъ ҷароҳатро нишон дод, ки аз ҷои газидаи мор хуни сип – сиёҳ мебаромад. Зеро хуни иблисҳо сиёҳ буд.
– Ин ҷароҳатҳо бут мешаванд— Самеъ ҷароҳатро молид ва ҷароҳат худ аз худ ғоиб шуд —Аммо ҷароҳати як чиз дар иблисҳо умуман нест намешвад ва иблисро бо як теғ мекушад. Он чиз шамшери манҳус аст.
– Шамшери манҳус? – гуфт Наримон дар он оҳанге, ки бори аввал дар бораи ин шамшер шунавида истода буд.
– Бале— гуфт Самеъ —Шамшери лаънатикарда. Чуноне ки падарам нақл намуд, он шамшер панҷсад сол қабл аз тарафи афсунгари бузург сохта, лаънатӣ карда шуда буд. Он шамшерро ҳеҷ гоҳ шикаста ва ё нобуд карда намешавад. Ин тавр шамшерро дигар касе сохта наметавонад. Он ҳатто кӯҳро ба осонӣ мебурад.
– Мақсади он афсунгар чӣ буд? – Наримон пурсид.
– Мақсади ӯ худро ҳимоя кардан аз иблисҳо буд— Самеъ ҷавоб кард —Ягона шамшер, ки иблисро як лаҳзаба нобуд месозад. Он шамшер сабаби асосии ҷанги панҷсадсолина дар байни иблисҳову афсунгарҳо шуд. Ҳама зот мехоҳанд, ки он шамшерро дошта бошанд. Аз қафои шамшери манҳус чандин иблисҳо, афсунгарҳо ва дигар зотҳо нобуд шуданд. Дар охир, шамшер дар дасти иблисҳо монд ва аз ҳама аҷибаш дар он аст, ки шамшер ҳоло дар ҳамин ҷо, дар Тирагоҳ аст. Ҷои аниқи онро чор бародарону хоҳарон, Авранг, падарам, падари ту, Луиза ва Сафия медонанд. Дигар ягон иблис ҷои онро намедонад ва падарам ба ман низ онро нишон надод, ки он асрори бузурги Тирагоҳ аст. Агар шамшери манҳус ба дасти зоти дигар фарояд, хатари калон барои иблисҳо пайдо мешавад.
Ҳамон вақт овози ҷарангдори Авранг ба гӯш расид. Онҳо ҳарду ба баромадгоҳ нигоҳ карданд.
Наримон гуфт:
– Беҳтараш, ки аз ин ҷо зудтар равем.
– Бале— гуфт Самеъ —Моро дар ин ҷо набояд, ки касе бубинад дар акси ҳол, ба сарамон кулфат меояд.
Онҳо зуд аз он ҷо баромаданд ва даромадгоҳ боз пӯшида шуд. Онҳо аз роҳи омадаашон бо зудӣ ба поён фаромаданд.
Дар поён ҳамаи иблисҳо ҷамъ шуда буданд. Авранг ба монанди минбар ба ҷои баланд баромада, бо овози баланд сухан мекард. Ҳамаи иблисҳо хомӯш ва бодиққат суханони ӯро гӯш мекарданд. Наримон ва Самеъ низ ба қатори дигарон ҳамроҳ шуда, Аврангро гӯш карданд.
Авранг бе саросемагӣ, дона -дона, ба ҳар тарафи иблисҳо нигоҳ карда, гуфт:
– Мақсади асосии мо дунёро аз они худ кардан аст. Албатта ҳама зот мехоҳад, ки дар дунё ҳукмрон бошад. Аммо аз они мо хоҳиш нест балки мақсад аст. Доимо ба сӯи мақсад ҳаракат мекунем ва касе ҳалалдор шавад бо замин яксон мекунем. Дар ин дунё зулмотро ҳукмрон месозем ва одамон ҳар лаҳза аз иблисҳо ҳаросида зиндагӣ мекунанд. Дар ёд дошта бошед, ки одам доимо аз мо поён аст. Онҳо дар назди мо як мавҷудоти заиф ва паст. иблисҳо ҳамеша ба мақсади худ мерасанд ва ғалабаро ба даст меоранд. Дар роҳи мо монеъаи калон як зот буд, ки он зотро «Афсунгарҳо» меномиданд. Онҳо мехостанд, ки мақсади мо амалӣ нашавад, аммо мисли ҳарвақта иблисҳо пурқудтар баромаданд. Якчанд даҳсола қабл зоти афсунгарҳо тамоман нест карда шуд. Аз зоти афсунгарҳо ягон дона намонд. Ҳамин тавр, навбат бо навбат, ҳама зотҳоро несту нобуд месозем. Ҳукмронӣ аз они зоти пурқудрадтарин шуданаш лозим ва ҳамин тавр ҳам мешавад!
Фасли сеюм
Сири Луиза
Авранг суханонашро ба итмом расонид ва ба тарафи ҳуҷраи худ рафт. Аз паси ӯ Камар, Бадир ва Сафия рафтанд. Авранг ба курсии худ нишаста аз дигарон пурсид:
– Луиза дар куҷо?
Ҳама ба якдигар нигоҳ мекарданд ва ҳамон вақт Луиза саросемавор даромада омад. Авранг аз ҷои худ хесту ба Луиза муддате нигоҳ кард ва пурсид:
– Дар куҷо будӣ?
– Ба берун баромада будам— Луиза ҷавоб гардонд.
Авранг оҳиста ба Луиза наздик шуд ва рост ба чашмони ӯ нигоҳ карду боз пурсид:
– Оё ба берун бо ягон мақсад баромадӣ?
Пас аз савол Луиза чашмонашро аз чашмони Авранг канду ба замин нигоҳ кард ва ҷавоб дод:
– Не, ягон мақсаде надоштам.
– Хуб— гуфт Авранг —Маро танҳо гузоред. Фақат Сафия ту бимон— ӯ ба Сафия нигоҳ кард.
Ҳамма баромада рафтанд. Танҳо Сафия ва Авранг монданд. Авранг ба ӯ нигоҳ карду гуфт:
– Сафия, ба ту як вазифа медиҳам. Ту аз ӯҳдаи ин кор мебароӣ. Ин корро ман умуман ба Камар бовар намекунам. Ӯ чӣ тавре, ки ман мехоҳам, иҷро карда наметавонад.
– Бигӯ! ба ҷо меорам— гуфт Сафия бо оҳанги боварӣ.
– Луиза чизеро аз ман пинҳон мекунад— шубҳа кард Авранг —Вазифаи ту аз ҳамин лаҳза аз ҳар як қадами Луиза хабардор мешавӣ ва маро низ хабардор менамоӣ. Ба куҷое наравад, аз пасаш бирав! Туро касе набинад ва надонад. Ин гап дар байни ҳардуи мо бимонад! Амали шубҳанок намуд, маро худи ҳамон вақт огоҳ менамоӣ. Фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам— гуфт Сафия ва Авранг ишора кард, ки равад.
Сафия аз он ҷо баромада рафт.
Ҳамон вақт Наримон оташи доирашаклро аз ин дарс ба ин даст гузаронида, бозӣ карда нишаста буд, Камар ба назди ӯ омад. Ӯ ба падараш нигоҳ карду оташбозиро давом дод.
– Чаро ба ман дар бораи асрори Тирагоҳ нақл накардӣ? – пурсид Наримон аммо ду чашмаш дар оташ буд —Чаро ман аз ту нею бояд аз дигарон дар бораи ин шунавам?
Наримон мисли иблисони дигар ҳатто падарашро «Ту» гуфта муроҷиат мекард. Барои он, ки дар он ҷо ҳурмат чӣ буданашро намедонистанд.
– Чиро дар назар дорӣ Наримон? – падар пурсид аммо Наримон чиро дар назар дошт, Камар хуб медонист.
– Кӯшиш кун, ки ёбӣ – гуфт Наримон —Асрори бузургтарини Тирагоҳ чист? Албатта, шамшери манҳусро дар назар дорам. Чаро ба ман дар бораи ин чизе нагуфтӣ? Ё ин, ки оё асрори Тирагоҳро ман низ набояд бидонам, мисли бегонагон?
– Не албатта— ҷавоб дод Камар —Ту ҳақ дорӣ, ки аз ҳамаи ин бохабар бошӣ. Намедонам, ки дар бораи шамшери манҳус аз куҷо маълумот гирифтаӣ, аммо ман умед мекунам, ки он шамшер ба ҳеҷ кас лозим намеояд. Он шамшер кулфат ва касофат меорад. Фикр кардам, ки дар бораи он надонистагиат беҳтар аст.
– Инсонҳо чӣ? – Наримон Камарро саволборон кард —Инсонҳо низ кулфат меоранд? Авранг ин қадар онҳоро бад мебинад? Агар онҳо то ҳамин дараҷа дар назди мо заиф, нотавон бошанд, аз дасташон чизе наояд, чӣ тавр ба мо душманӣ карда метавонанд?
Камар каме хомӯш шуд ва пас аз чанд лаҳза гуфт:
– Наримон, аз ёд набарор аз азал инсонияту иблисҳо душманони ашаддӣ ҳастанд. иблисҳо ва инсоният ҳеҷ гоҳ бо якдигар дӯст набуданд ва намешаванд. Ин фикратро фаромӯш кун ва агар маро дар ҳақиқат падарам гӯӣ дигар ин гапҳоятро нагӯ!
Нараримон дар чашмони Камар ғамгиниро дида тавонист. Камар оҳиста хесту баромада рафт. Наримон бошад, ба дарёи ҳаёлот ғарқ шуд ва ба худ чунон саволҳоро медод, аммо ин саволҳои ӯ гӯё охир надоштанд. Ӯ фикр мекард, ки ба ин саволҳо ҳеҷ гоҳ ҷавоб ёфта наметавонад ва савол ҳамчун савол мемонад.
Ҳамон вақт Самеъ ба назди ӯ даромад.
– Чиро он қадар зиёд фикр мекунӣ? – ҳайрон шуд Самеъ —Биё худам меёбам. Дар бораи ҳаёти беруна, оё ҳақ ҳастам?
Наримон ҷавоб надода, хомӯш оташро бозикунон менишаст.
– Наримон— гуфт Самеъ —Агар ту дар ҳақиқат аз ин ҷо баромадан хоҳӣ, ман ба ту як чизро нишон медиҳам.
– Чиро? – Наримон шавқ пайдо кард.
Самеъ ҷавоб дод:
– Ҳамон рӯз, вақте ба назди Флунҳо рафтем, даромадгоҳ дар нисфи пайроҳа буд ва пайроҳа ҳоло идома дошт, дар хотир дорӣ? Дар охири ҳамон пайроҳа чӣ бошад?
– Дар охири пайроҳа чӣ ҳаст— пурсид Наримон —Оё ин асрори навбатии Тирагоҳ аст? Ту маро ҳар рӯз дар тааҷҷуб гузошта истодаӣ Самеъ.
– Намегӯям— гуфт Самеъ —Биё, беҳтараш нишон медиҳам. Бо чашмони худат бубин!
Онҳо ҳарду боз ба ҳамон пайроҳаи тангу торик даромаданд. Дар болои каф оташ пайдо намуданд ва ба назди даромадгоҳи назди Флунҳо расиданд.
– Дар ин ҷо даромадгоҳ ба назди Флунҳо буд— гуфт Самеъ —Чизе, ки мо мебинем дар охири ҳамин пайроҳа аст. Рафтем!
Онҳо аз назди даромадгоҳ гузашта рафтанд ва пас аз чанд лаҳза охири пайроҳа намоён шуд. Онҳо аз охир тақрибан даҳ – дувоздаҳ қадам дуртар истоданд. Наримон дасти росташро бардошта, кафи худро ба сӯи охири пайроҳа кушод. Аз он ҷо садои гумбур – гумбури кӯҳ баромад ва як санг ба боло оҳиста баромад. Дар охири пайроҳа як баромадгоҳе кушода шуд. Осмони кабуди мусаффо намоён шуд ва пайроҳаро нури офтоб равшан сохт. Наримон дар ҳаёти худ бори нахуст нури офтобро дид. Садои форами паррандаҳо ба гӯш расид. Наримон дар ҳайрат буд.
– Агар хоҳӣ, марҳамат! – гуфт Самеъ.
Наримон оҳиста ба тарафи баромадгоҳ ду қадам гузошту истод ва гуфт:
– Не Самеъ. Ман ин тавр карда наметавонам. Намедонам барои чӣ ба ман баромадан мумкин не, аммо агар падарам гуфта бошад, дар ҳақиқат ин кулфат меорад.
Наримон ба ақиб гашт.
Самеъ баромадгоҳро пӯшид онҳо ҳарду аз баромадгоҳ дур шуданд. Гарчанде, ки ба Наримон баромадан манъ буд, ӯ оҳиста ба баромадгоҳ нигоҳ карда монд. Инро Самеъ дида ба Наримон гуфт:
– Наримон, агар баромадан хоҳӣ, бигӯ. Ман туро ба берун мебарорам ва ваъда медиҳам, ки касе намедонад.
Наримон китфи Самеъро дошту гуфт:
– Самеъ, ҳамаи он чизҳое, ки худат медонӣ, бо ман ба ҳам дидӣ, хабардор намудӣ. Барои ҳамин ҳам, ман аз ту миннатдорам. Ҳоло бошад, касе моро надида аз ин ҷо равем.
Самеъ сарашро ҷунбонида ишораи розигиро дод ва ҳардуи онҳо ба ақиб баргаштанд. Онҳо аз пайроҳа рафта истода буданд, ногоҳ аз дур нури оташе ба назар расид, ки касе ба тарафи онҳо омада истода буд.
– Касе омада истодааст— гуфт Наримон ҳаросида.
– Ба боло! – гуфт Самеъ ва ҳардуи онҳо мисли тортанак ба девор часпида, ба болои пайроҳа баромаданд. Оташ торафт наздик мешуд. Вақте, ки аз поёни онҳо мегузашт, диданд, ки ӯ Луиза буд. Ӯ аз чизе парешонхотир ва саросемавор менамуд. Ӯ баромадгоҳро кушоду баромада рафт ва ҳамон лаҳза аз қафои ӯ Сафия ӯро таъқиб мекард. Пас аз баромадани Луиза Сафия низ аз қафои ӯ баромад.
Наримон ва Самеъ ҳайрон ба поён фаромаданд.
– Аҷабо! – гуфт Самеъ —Барои чӣ Луиза баромадгоҳи асосӣ истода, аз ин ҷо баромад?
– Ва барои чӣ Сафия ӯро пинҳона таъқиб мекунад? – ҳайрон шуд Наримон —Оё ин ба ту ғалатӣ наменамояд?
– Ба фикрам Луиза ягон сир дорад ва Сафия онро донистан мехоҳад— шубҳа намуд Самеъ.
– Чӣ сир бошад, ки ҳатто аз хоҳари худ пинҳон намояд? – гуфт Наримон —Самеъ, ман худам бармегардам. Ту аз паси онҳо рав ва бидон, ки дар ин ҷо чӣ шуда истодааст? Сабаби парешон ва саросема будани Луизаро фаҳм. Ман туро дар поён интизор мешавам.
– Хуб— гуфт Самеъ —Дар поён вомехӯрем.
Ӯ баромадгоҳро кушод. Самеъ худро аз баландӣ партофта, дар ҳаво ба паррандаи калони сиёҳ табдил ёфт ва аз паси Луиза ва Сафия парвозкунон рафт.
Наримон худ баргашт. Вақте, ки ӯ аз назди даромадгоҳи Флунҳо гузашта рафта истода буд, аз болояш санге дар ҳаҷми мушт ба таги пояш афтид. Наримон сангро диду, мехост бидонад, ки ӯ аз куҷо афтид ва оҳиста ба боло нигоҳ кард. Болои он пайроҳа кафида буд ва сангҳои он номустаҳкам меистоданд, ки гӯё ҳозир сангҳо меафтанду пайроҳаро мепӯшанд. Наримон зуд аз таги ӯ гузашта рафт.
– Хайрият—е, ба сарам наафтид— гуфт ӯ худ ба худ.
Дар берун бошад, Сафия аз паси Луиза пинҳона мерафт ва ҳардуи онҳо дар назари Самеъ буданд. Луиза аз Сафия бехабар ва Сафия аз Самеъ бехабар мерафтанд. Пас аз кӯҳсорон ҷангалзори ниҳоят калону сердарахт буд, ки гӯё охир надошт. Ҷангалзорро як дарёи калон ба ду тақсим намуда буд. Манзараи он ҷо ниҳоят зебо буд. Ҳар сеи онҳо ба ҷангалзори бепоён даромада рафтанд. Луиза саросемавор зуд роҳ мерафт. Сафия эҳтиёткорона аз паси ӯ ва аз паси ҳар дуи он ба қафои дарахтони калон пинҳон шуда, Самеъ мерафт. Луиза ба назди як баландие, ки бо алафони ба монанди ресмон печонидашуда омад. Ӯ кафашро ба тарафи баландӣ кушоду ким-чи пичирос зад. Алафҳо оҳиста худ аз худ кушода шуданд ва дар ақиби алафҳо як дари чӯбине буд. Луиза ба назди дар омаду уро бо дасташ се маротиба зад ва гуфт:
– Аида дарро кушо, ин ман.
Дар кушода шуд ва аз дарун як духтарчаи зебое, ки тақрибан сенздаҳсола менамуд, баромад. Ӯ мӯйҳои қаҳваранги ҷингилаи то миён, чашмони нурафшон ва овози форам дошт. Ӯ «Модар» гӯён Луизаро ба оғӯш гирифт. Самеъ ва Сафия бошанд ба гӯшу чашмони худ бовар намекарданд.
– Чӣ? – гуфт Самеъ худ ба худ – Оё Луиза духтар дорад?
Луиза ба ҳар тараф нигоҳ кард ва ба духтараш Аида гуфт:
– Биё тезтар ба дарун дароем!
Даме, ки Луиза бо духтараш даромада рафтанд, Самеъ ба сӯи Тирагоҳ баргашт. Ӯ ба Тирагоҳ даромад, ва ӯро дар он ҷо Наримон интизор буд. Даме, ки ӯ даромад Наримон ба наздаш давида омад ва савол дод:
– Чиро дидӣ? Чӣ шуд?
– Наримон, ба ҷое, ки касе нест равем— гуфт Самеъ —Ба ту гап дорам.
Онҳо ба хонаи Наримон рафтанд. Наримон бесаброна саволҳо медод:
– Чӣ шуд? Оё дар ҳақиқат Луиза сир доштааст?
– Бале— Самеъ тасдиқ кард —Сири калон ва оқибаташ даҳшатангез. Луиза Духтаре бо номи Аида доштааст. Маълум, ки падари Аида аз зоти инсоният. Аз ҳама бадтаринаш дар он аст, ки аз ҳамаи ин Сафия бохабар шуд ва Сафия ҳамаашро ба Авранг мерасонад ва барои пинҳон доштагиаш худат медони Луизаро чи кор мекунанд.
– Ӯро чӣ кор мекунанд? – Наримон пурсид.
– Ӯро ба Флунҳо хӯрок мекунанд ё ин ки бо шамшери манҳус ба қатл мерасонанд— Самеъ ҷавоб дод.
– Мо набояд, ки ба ин роҳ диҳем— гуфт Наримон.
– Наримон— гуфт Самеъ —Мо ҳеҷ чиз намекунем ба худат аз ҳеҷ чиз кулфат насоз!
– Ҳеҷ чиз? – гуфт Наримон —Дар назди чашмони мо Луизаро кушанд, оё ин ҳеҷ чиз аст? Самеъ, Луиза ба мо бегона нест-ку ту инро хуб медонӣ. Дар ин ҷо мо набояд, ки тамошобин бошем!
– Луиза ба Авранг низ бегона нест— гуфт Самеъ —Агар Авранг ба ҳамин қарор кунад, мо маҷбурем, ки танҳо тамошобин шавем. Мо илоҷи ёрӣ расонидан надорем Наримон. Аз дасти ҳардуи мо ҳеҷ чиз намеояд.
– Оё Сафия ҳоло наомад? – Наримон савол дод.
– Ба фикрам ҳоло не— Самеъ ҷавоб дод.
Наримон давида баромад ва аз паси ӯ Самеъ низ баромад. Вақте, ки онҳо баромаданд, Сафия ба назди Авранг даромада истода буд. Ҳарду аз қафои Сафия барои пинҳона шунавадани сӯҳбати онҳоро рафтанд. Сафия ба назди Авранг даромад. Авранг дар он ҷо танҳо буд ва Сафия гуфт:
– Авранг, ту ҳақ будӣ. Луиза як чизро аз мо пинҳон кардааст.
Наримон ва Самеъ сӯҳбати онҳоро пинҳона гӯш мекарданд.
– Медонистам— гуфт Авранг дар курсии худ нишаста —Чиро пинҳон намудааст ӯ лаънатӣ?
– Луиза духтар доштааст— гуфт Сафия —Ва падари он духтар инсон аст.
Авранг аз курсии худ парида хесту ба ғазаб омад. Чашмону нигоҳаш боз ҳам даҳшатомез шуд. Ӯ аз хашм дандон ба дандон монда гуфт:
– Луиза, ҳоло мебинӣ аз ман пинҳон намудан чӣ тавр мешавад. Сафия бирав! Бадирро гӯй, ки ба назди ман зуд ояд!
Наримону Самеъ давида рафтанд ва Сафия ба берун баромаду Бадирро бо худ овард.
Даме, ки Бадир ва Сафия омад, Авранг ба Бадир гуфт:
– Бадир ба ту як вазифа медиҳам. Бе савол иҷро намо! Ду иблисро бо худ бигир ва дар куҷое набошад ҳам, Луизаро ба назди ман дошта биё ва сабабашро напурс. Дошта ор ва бас!
– Хуб— гуфт Бадир ва баромада рафт.
Ӯ баромада, аз байни иблисҳо ду иблиси бенури бадҳайбадро гирифту аз Тирагоҳ баромада рафт.
– Сафия ту бимон! – гуфт Авранг ба Сафия —Ман ба ту вазифаи дигар медиҳам.
Дар тарафи дигар бошад Наримон беист ба Самеъ мефаҳмонд:
– Самеъ, ту бояд аз Бадир пештар ба назди Луиза рафта, ӯро бояд огоҳ намоӣ. Аидаро гираду ба ҷойҳои дур равад. Ба он ҷое, ки ӯро Авранг ёфта наметавонад.
– Агар маро касе бубинад, ман зинда намемонам инро ту хуб медонӣ— аз рафтан Самеъ саркашӣ мекард.
– Самеъ— гуфт Наримон —Агар ба ман аз ин ҷо баромадан мумкин мебуд, ман фикр ҳам накарда ҳозир ба назди Луиза мерафтам.
– Ман ба ту баромадгоҳи дигарро нишон додам— гуфт Самеъ —Хоҳӣ аз ҳамон ҷо баро. Туро ҳеҷ кас намебинад.
– Хуб— гуфт Наримон —Агар ту рафтан нахоҳӣ, ман меравам. Шарт нест, ки роҳро нишон диҳӣ худам як илоҷ Луизаро меёбам ва огоҳ менамоям.
Наримон ба сӯи баромадгоҳи дигар аз пайроҳаи танг давида рафт. Ӯ аз пайроҳаи торик давида рафта истода буд, аз қафояш Самеъ давида омад.
– Наримон ист! – Гуфт ӯ —Баромадани ту бефоида. Бароӣ ҳам, Луизаро аз ҷангали бепоён ёфта наметавонӣ. Ту бимон. Ба назди Луиза ман худам меравам ва огоҳ менамоям.
– Хуб Самеъ— гуфт Наримон —Ман ба ту бовар мекунам. Эҳтиёт бош!
Самеъ ба сӯи баромадгоҳ саросемавор давид. Ӯ баромадгоҳро кушоду ба паррандаи сиёҳ табдил ёфт ва ба сӯи ҷангалзор бол зад. Ба назди ҳамон баландӣ омад ва алафҳоро саросемавор бо дасташ канд. Дар намоён шуд. Ӯ дар болои кафаш оташ пайдо намуда, ба сӯи дар бо қувва равона кард. Дар шикаст ва аз дарун давида, Луиза ва Аида баромаданд.
– Самеъ?! – гуфт Луиза дар ҳайрат —Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Моро чӣ тавр ёфтӣ?
– Барои фаҳмонидан вақт нест Луиза— Самеъ саросемавор сухан мекард —Дар бораи Аида Авранг ҳамаашро донист. Ту ҳозир Аидаро бигир аз ин ҷо зудтар бирав. Барои дастгир намудани ту Бадир бо якчанд иблисҳо омада истодааст.
– Хуб— гуфт Луиза —Ту низ зудтар ба Тирагоҳ баргард, туро касе набинад. Аз ту миннатдорам Самеъ. Ба ман чӣ шавад ҳам, Аида омон бимонад бас!
– Хуб, ман рафтам— гуфт Самеъ ва бо зудӣ рафт. Вақте, ки ӯ ба Тирагоҳ даромад, Наримон ба наздаш омад. Онҳо ба ҷое, ки касе нест рафтанд.
– Чӣ шуд— пурсид Наримон —Оё туро касе надид? Оё тавонистӣ?
– Тавонистам— гуфт Самеъ —Пеш аз онҳо рафта тавонистам. Луизаро огоҳ намудам. Ӯ аз ҳамааш бохабар. Туро гуфта ҳаёти худамро ба хатар мондам. Дигар ин тавр чизҳоро аз ман напурс Наримон. Намехоҳам, ки ба сарам кулфат биорам.
– Хуб— гуфт Наримон —Дигар туро иҷрои ягон кор маҷбур намекунам. Кори калон кардӣ Самеъ. Акнун умед мекунем, ки Луиза аз он ҷо рафта метавонад.
– Лекин як гапи Луиза ғайриоддӣ буд— гуфт Самеъ —Луиза гуфт, ки ба ӯ чӣ шавад ҳам, ба Аида ҳеҷ чиз нашавад бас. Аз сарам ҳамин гапи ӯ намеравад. Ин чӣ бошад? Даме, ки Аида Луизаро ба оғӯш гирифта «Модар» гуфт, дар дарунам ким-чиҳо чаппа роста шуд. Чизеро нафаҳмидам.
– Шояд, ки инро фақат инсонҳо фаҳманд— гуфт Наримон —Шояд ин хислати танҳо инсонҳо бошад?
– Надонам— гуфт Самеъ —Гапҳою рафторҳои ғайриоддӣ. Наҳод одамон барои зинда мондани каси дигар, худро кушанд. Ин девонагӣ нест магар?
– Ин девонагӣ нест— гуфт Наримон —Ин танҳо барои инсонҳо аён аст. Ману ту ба ин чизҳо сарфаҳм намеравем. Барои он, ки мо инсон нестем!
Ногаҳон овози Авранг ба гӯш расид. Наримон ва Самеъ давида баромаданд ва манзарае, ки дар он ҷо буд, ҳар дуи онҳоро ба ҳайрат гузошт. Дар мобайн мисли минбар баландии доирашакл буд. Дар он ҷо ду стуни пайиҳам ва ба он сутунҳо ду дасти Луиза бо занҷир баста шуда буд.
– Ин тавр шуданаш мумкин не! – Наримон ба Самеъ бо овози паст гуфт.
– Ӯ рафта натавонистааст. Ӯро дастгир намудаанд.
Авранг дар назди Луиза истода, сухан мекард ва ҳама иблисҳо Луизаро тамошо мекарданду ба гапҳои Авранг бодиққат гӯш мекарданд.
Авранг гуфт:
– Иблисе, ки дар тарафи одамизот аст, ӯ ба номи иблис нолоиқ аст ва ӯ ба марг маҳкум бояд бошад. Ин Иблисе, ки шумо мебинед, аз одам фарзанд дорад. Ин зот хуни иблисҳоро ҳаром мекунад. Шумо медонед, ки ин ҳолат дар Тирагоҳ бори нахуст нест. Агар пешгирӣ нанамоем, ҳаромхунҳоро нест накунем, мо худамон зоти худро нобуд месозем. Ҳамма бубинад, ки ҳоли оне, ки ба мо хиёнат мекунад, чӣ хел аст! Сафия ӯро ор!
Сафия аз даруни иблисҳо Аидаро кашолакунон баромад. Духтарча бо ҷону ҷаҳд ба тарафи модараш рафтан мехост, аммо Сафия ӯро сар намедод. Аида «Модар» гӯён дод мезад. Луиза бо ҷидду ҷаҳд гуфт:
– Авранг ӯро сар деҳ! Ӯ ягон айб надонад. Ӯ ҳоло майда аст.
– Майда бошад, рӯзе калон мешавад ва ба мо дарди сар мешавад— гуфт Авранг —Оё медонӣ Луиза? Флунҳо гӯшти майдаҳоро дӯст медорад.
– Не, Авранг не! – дод зад Луиза —Ба ҳамон Флунҳо маро деҳ, аммо Аидаро сар деҳ!
– Ҳеҷ гоҳ— гуфт Авранг —Туро ҳам, духтари ҳаромхунатро ҳам имрӯз нест мекунем.
Авранг ба иблисҳо нигоҳ карду бо овози баланд пурсид:
– Оё ҳардуяшро мекушем?
– Мекушем, мекушем! – ҷавоби иблисҳо буд.
– Бадир— гуфт Авранг.
Бадир ду дасташро ба пеш карда ба назди Авранг омад, ки дар болои дасташ як матоъ ва дар болои он матоъ як шамшере меистод. Дар поёни дастаки он шамшер як санги сурхи доирашакл буд.
Самеъ ба Наримон нигоҳ карду гуфт:
– Ана ҳамон шамшери манҳус.
Авранг оҳиста шамшерро гирифту ба Луиза наздик шуд ва гуфт:
– Духтаратро бори охир бубин!
Луиза ба Аидае, ки гирякунон меистод, нигоҳ карду оҳиста гуфт:
– Бубахш!
Ҳамон лаҳза Авранг ба Луиза шамшерро зад. Чашмони Луиза ба Аида нигоҳкунон кушода монданду дил аз таппиш монд.
– Не! Модар! – бо овози ҳастиаш Аида дод зад.
Авранг шамшерро гирифт, ки он шамшер аз хуни Луиза сип – сиёҳ шуда буд. Танаи Луиза, ки аз ду дасташ овезон меистод, оҳиста ба дуди сиёҳ табдил ёфту ба ҳар тараф паҳн шуд. Танаи Луиза ғоиб шуд.
– Ҳама бубинад! – гуфт Авранг —Бубинед, ки аҳволи хоин чӣ тавр мешавад! Сафия, духтарро ба тӯдаи Флунҳо парто!
Ҳамон вақт Наримон ба Самеъ «Ту дар ҳамин ҷо ист!» гӯён худ ба пайроҳаи тарафи Флунҳо давида даромада рафт. Ӯ бе оташ давида мерафт, ки аз торикӣ ду қадам пешро дида намешуд. Наримон он санге, ки аз боло ба таги пояш афтида буд, гирифт ва ба боло нигоҳ кард. Ҳоло ҳам боло кафида, сангҳо ноустувор меистоданд. Ҳамон замон Аидаро теладиҳон Сафия аз ақиб меомад. Аида дар пеш буд, Сафия дар як каф оташ бо як даст Аидаро ба пеш тела дода меомад. Наримон барои намоён нашудан ба чет гузаш ва даме, ки онҳо ба таги ҳамон сангҳои кафида омаданд, Наримон айнан ҳамон ҷои кафидпро ба нишон гирифту сангро бо зарб ба боло парронд. Санг рост ба нишон расида, сангҳои боло кӯчида фаромаданд. Аида худро ба пеш ва Сафия худро ба ақиб партофтанд. Сангҳо фаромада, пайроҳаро пурра бастанд. Сафия ва Аида дар ду тараф монданд. Наримон дар тарафи Аида буд. Ӯ бо зудӣ ба назди Аида давида омаду овоз набаровардаро ишора кард. Наримон дасти Аидаро дошту онҳо ба сӯи баромадгоҳ давиданд. Наримон дар дасти дуюмаш оташро пайдо кард ва даме, ки онҳо аз Сафия дур шуданд, Наримон савол дод:
– Ба ягон ҷоят чизе накард? —
– Не— гуфт Аида —Ту кистӣ?
– Ман Наримон— ҷавоб дод ӯ —Ман иблис ҳастам. Барои модаратро аз онҳо халос намудан кӯшиш намудам, аммо аз дастам наомад. Маро бубахш. Ҳамдардии маро қабул намо Аида.
Онҳо давида ба баромадгоҳ наздик шуданд. Наримон дасташро бардошт ва баромадгоҳ кушода шуд.
Ҳамон вақт Сафия ба сангҳо нигоҳкунон истод ва сангҳо худ аз худ ба ҷойҳои фаромадаашон баргашта часпиданд. Роҳ боз мисли пештара кушода шуд.
Дар ин ҷо баромадгоҳ низ кушода шуда буд, Наримон ба Аида нигоҳ карду гуфт:
– Зудтар бош! Ба ҷойҳои дур бирав, ки туро касе ёфта натавонад.
Аида Наримонро ба оғӯш гирифту гуфт:
– Ташаккур! – ӯ ба чашмони Наримон нигоҳ карду суханашро давом дод—Ту иблис нестӣ! Дар қалби ту хислатҳои инсонӣ ҳастанд, некӣ ҳаст. Ин хислат одамиро нишон медиҳад!
Ӯ давида ба баромадгоҳ рафта ҳуштак кашид, ки як аспи норанҷии болдоре парида омад. Мӯй ва думи асп сафед буд. Аида ба асп савор шуда, ба Наримон бори дигаре нигоҳ карду парида рафт. Наримон баромадгоҳро пӯшид ва дид, ки Сафия омада истода буд. Ӯ ба девор часпида, ба болои пайроҳа баромад. Сафия Наримонро надид, аммо пӯшидашавии баромадгоҳро дид. Сафия он ҷоро аз дигар кушоду аз қафои Аида баромада рафт. Наримон ба поён фаромаду аз пайроҳа ба ақиб баргашт. Дар поён ҳама иблисҳо бо кори худашон, Авранг дар ҳузури худаш хотирҷамъ ва бепарво нишаста буд, ки гӯё чизе содир нашуд. Аммо Наримон худашро намефаҳмид. Ӯ дар кадом ҳолат будагиашро намедонист. Ӯ ба хонаи худаш даромад. Ба назди ӯ Самеъ омад ва савол дод:
– Чӣ шуд? Оё Аидаро ба тӯдаи Флунҳо партофт?
– Не— ҷавоб дод Наримон —Ман намондам. Ӯро аз баромадгоҳ баровардам. Дар бораи ин ҳеҷ кас надонист.
– Оё ҳуши ту дар ҷояш аст? – гуфт Самеъ —Агар дониста монанд ҳаётатба нуқта мемонанд. Барои дигарон ҷони худро дар хатар мондан чӣ зарур? Мурад, мурдангирад.
Наримон ба Самеъ нигоҳ кард ва гуфт:
– Барои дигарон худро қурбон кардан. Ин хислати иблисҳо нест, ҳамин тавр?
– Бале— гуфт Самеъ.
– Самеъ— гуфт Наримон бо овози хомӯшӣ —Як савол диҳам.
– Бидеҳ.
– Некӣ ва қалб чист?
– Намедонам— ҳайронона ҷавоб дод Самеъ —Аз куҷо шунавидӣ ин гапҳоро?
– Аида гуфт— ҷавоб дод ӯ оҳиста ба замин нигоҳ карда —Гуфт, ки дар ман хислатҳои инсонӣ ҳаст ва дар қалбам некӣ вуҷуд дорад. Гуфт, ки ман иблис нестам!
– Дар ҳақиқат— гуфт Самеъ —Ту ба иблисҳои дигар монанд нестӣ. Рӯзе инро ман ба падарам низ гуфтам ва ӯ туро…
Самеъ гапашро то охир нарасонид.
– Маро чӣ? – пурсид Наримон ба чашмони ӯ нигоҳ карда.
– Туро ҳаромхун номид— ҷавоб дод Самеъ.
– Ҳаромхун? – Наримон дар ҳайрат монд —Авранг Аидаро ҳамин тавр номид. Аз ин бармеояд, ки мо бо Аида якхела будаем. Хуни ман ҳам омехта аст? Падарам ба ман модарат иблис ва ӯро одамон куштаанд гуфта буд.
– Наримон, ту ин гапро аз ман нашунавидӣ. Фаҳмо! – гуфт Самеъ —Ман рафтам.
Самеъ баромада рафт.
Ҳама гапҳои Аида, Авранг ва Камар як ба як ба пеши назари Наримон меомад:
«Ту иблис нестӣ!,«Дар қалби ту одамигарӣ ҳаст, некӣ ҳаст», «Ин воқеаи нахустин дар Тирагоҳ нест», «Агар маро падарам гӯӣ, ин гапҳоятро дигар нагӯ», «Модар», «Бубахш», «Маро куш, ӯро сар деҳ»
Наримонро чизе азоб медод, ва мехост, ки бо овози баланд дод бизанад.
Фасли чаҳорум
Вазифа ба Самеъ
Дар тарафи дигари Тирагоҳ бошад, Авранг ва Бадир меистоданд. Сафия ҳоло наомада буд ва онҳо аз гурехта рафтани Аида бехабар буданд.
– Чаро, ки Сафия ҳоло бар нагашт— гуфт Авранг —То устухони ҳамон ҳаромхун тамом шудан, аз манзара ҳаловат бурда истодааст.
Авранг ба Бадир боз ҳам ҷиддитар нигоҳ карду суханонашро давом кард:
– Бадир, ҳозир ту рафта, ба назди ман писарат Самеъро ор! Сабабашро баъд мефаҳмӣ!
– Хуб— гуфт Бадир ва баромада рафт. Ӯ ба назди Самеъ, ки дар даруни тӯдаи иблисҳо буд, рафта гуфт:
– Самеъ туро Авранг пурсид. Бо ман биё!
– Чаро? – ҳайрон шуд Самеъ —Барои чӣ ман ба Авранг лозим шудам? Барои ман чӣ кор доштааст? – Самеъ рафтан намехост.
– Сабабашро акнун мефаҳмем— гуфт Бадир ва ба Самеъ боз наздиктар шуда, бо овози паст гуфт:
– Самеъ, Авранг чӣ нагӯяд, чӣ нафармояд, фақат ва фақат розӣ шав! Ҳеҷ гоҳ муқобили гапҳои ӯ набаро. Фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам— гуфт Самеъ ва онҳо ҳарду ба назди Авранг рафтанд.
Онҳо ба назди ӯ даромаданд ва Авранг ба Самеъ наздик шуд ва гуфт:
– Самеъ, оё медонӣ, ки чаро ман туро даъват намудаму дигаронро не? Барои он, ки ин корро фақат ту иҷро карда метавонӣ.
– Чӣ хел кор? – Самеъ савол дод.
– Кори оддӣ— ҷавоб дод Авранг —Ту танҳо Наримонро аз Тирагоҳ барорӣ бас. Кори боқимондаро мо худамон иҷро мекунем.
– Аммо барои чӣ? – Самеъ савол дод.
– Ту коре, ки ман гуфтам иҷро кун— гӯён Авранг пушташро гардонд —Ба корҳои боқимонда худат шоҳид хоҳӣ шуд.
– Лекин… – Самеъ норозигӣ баён мекарданӣ буд, ки Бадир оҳиста ба китфи ӯ бо ақиби дасташ зад ва ишора намуд, ки розӣ шавад. Гапҳои Самеъ дар дарунаш монду дигар сухан накард.
– Ман боварӣ дорам, ки ту ин корро зудтар иҷро мекунӣ Самеъ— гуфт Авранг боз ба тарафи Самеъ гашта —Бирав, худи аз ҳозир оғоз намо!
Самеъ нарафта ба Авранг нигоҳ карда меистод, ки вақте Бадир ба ӯ бо чашмонаш рафтанро ишора кард, Самеъ баромада рафт.
– Оё сабабашро донам мешавад? – Бадир бо оҳанги ноустувор пурсид, ки гӯё метарсид —Барои чӣ Наримон бояд ба берун барояд?
Авранг ҷавоб дод:
– Шарте, ки барои зинда мондани Наримон ба назди Камар монда будам, дар ёд дорӣ? Камар ба он розӣ шуда буд ва аз Тирагоҳ баромадани Наримон ин як баҳона барои мо.
– Баҳона барои чӣ? – пурсид Бадир.
– Барои нест кардани ҳарду— ҷавоб дод Авранг —Онро баҳона карда, ҳам Камарро ва ҳам Наримонро мекушем. Тирагоҳро аз ҳаромхунҳо тоза мекунем. Дар байни мо ба одамбаччагон ҷой нест!
Ҳамон вақт ба назди онҳо Сафия ва Камар саросема даромаданд. Сафия парешон менамуд.
– Сафия— гуфт Авранг —Гӯшти ҳаромхун ба Флунҳо маъқул шуд?
– Ӯ гурехт— ҷавоб дод Сафия ба замин нигоҳ карда —Ба Флунҳо супорида натавонистам.
Авранг ба ғазаб омад:
– Чӣ тавр шуд? Чӣ тавр як инсонбаччаи нотавон аз дасти ту гурехта тавонист?
– Фикр мекунам, ки ба ӯ касе ёрӣ расонд— гуфт Сафия —Барои он, ки духтараке, ки бори нахуст ба Тирагоҳ даромада, баромадгоҳи маҳфиро донистанаш қадри имкон нест. Ба ӯ касе, ки Тирагоҳро хуб медонад, ёрӣ расонд. Дар торикӣ надидам, ки ӯ кӣ буд.
Авранг каме фикр карду гуфт:
– Дар бораи баромадгоҳи махфӣ танҳо мо медонем. Ба он тараф ягон иблис намегузарад ва ҳамон вақт ҳар чаҳори мо дар назди Луиза будем, аз ин бармеояд, ки ё Самеъ ё Наримон ёрӣ расонидааст.
– Аммо Наримон баромадгоҳи маҳфиро намедонад— гуфт Камар —Ӯ ёрӣ дода наметавонист.
– Оё ту мегуфтанӣ, ки Самеъ ин корро кардааст? – пурсид Бадир —Писари ман бар муқобили мо ҳеҷ гоҳ намебарояд. Ӯ қоидаҳои моро хуб медонад.
– Шояд ки Наримон баромадгоҳро надонад— гуфт Авранг ба Камар —Аммо аз ӯ чунин корҳоро интизор шудан мумкин. Мегӯянд-ку кӯр кӯрро дар торикӣ меёбад. Шояд писарат ба ҳамзоти худ, ҳаромхун ёрӣ расонида бошад. Агар шубҳаҳои ман рост барояд, ба ҳолати аз Луиза ҳам бадтар мефароӣ Камар. Фаромӯш накун!
– Ҳақиқат як рӯз не як рӯз ошкор мешавад— гуфт Камар —Дар ҳамон вақт чӣ хел ҷазо доданро муайян мекунӣ Авранг!
Камар бо ҷаҳл баромада рафт.
Ӯ рост ба назди Наримон, ки бо хаёлҳои гуногун хомӯш менишаст, омад. Ӯ рӯ ба рӯи Наримон нишасту пурсид:
– Духтари Луиза гурехта, зинда мондааст, оё хабар дорӣ?
– Ҳа, хабар дорам— ҷавоб дод Наримон —Барои гурехтан ба Аида ман ёрӣ расонидам.
– Чӣ? – Камар ба тааҷҷуб афтид —Наримон оё ту медонӣ чӣ кор кардӣ?
– Намедонам— Наримон ба чашмони Камар нигоҳ кард —Намедонам, ки чӣ кор кардам. Вақте, ки Аида барои Луиза бо ҷидду ҷаҳд гиря мекард, дар мана ин ҷоям дардро ҳис кардам.
Наримон дилашро дошт. Камар лаҳзае гапи худро гум кард. Ӯ оҳиста барои худро доштан, дасташро мушт карду гуфт:
– Наримон, иблис набояд дардро ҳис кунад. Дард ба мо тамоман чизи бегона аст. Ин гапҳоро дигар нагӯ!
Наримон ба ғазаб омаду гуфт:
– Инро нагӯ, онро нагӯ! Дар ин ҷо чизеро гуфтан мумкин аст ё не? Оё ман ҳам мисли ту ҳама гапҳоро дар дарунам нигоҳ дорам? Мисли ту хомӯш гардам? Ту низ дардро ҳис мекунӣ-ку вақте, ки дар бораи модарам фикр мекунӣ, ҳамин тавр не. Аммо ту аз тарси худ ба касе намегӯӣ. Аммо ман инро фаҳмидам.
Дар чашмони Камар яраққос зада каме ашк намоён шуд.
Наримон бошад гапҳои худро давом дод:
– Модари ман иблис нест, ҳамин тавр? Чӣ тавре, ки мегӯянд, ман ҳаромхун ҳастам.
– Ин тавр нагӯ— гуфт Камар —Ту ҳаромхун нестӣ.
– Набошад? кӣ ҳастам? – пурсид Наримон —Ҷавоб бидеҳ! Чаро айнан ба ман дар ин ҷо ҳеҷ чиз мумкин нест? Барои чӣ хоҳишҳои ман аз хоҳиши дигарон фарқ мекунад? Барои чӣ дигарон азоб бинанд, ман дардро ҳис мекунам? Чаро Аида маро ту ҳиссиётҳои одамигарӣ дорӣ гуфт? Ту иблис нестӣ гуфт? Оё Аида ҳақ аст?
– Наримон медонӣ?
Камар сухан карда буд, як саққочаи нурафшоне оҳиста ба байни онҳо парида даромад. Наримон кафашро кушод ва саққо ба кафи Наримон оҳиста фаромад.
– Ин чӣ аст? – Наримон ҳайрон шуд.
– Ин хабар аз малика Алфинур— ҷавоб дод Камар —Ба фикрам ӯ ягон гапи муҳим дорад.
– Малика Алфинур кист?
– Ӯ маликаи нур— гуфт Камар —Ман бояд ба назди ӯ зудтар равам. Дар бораи малика Алфинур касе набояд бидонад. Чӣ тавре, ки фаҳмидӣ, малика Алфинур ба иблисҳо дӯст нест. Инро ба касе нагу. Саққо бо ту бимонад.
Камар саросемавор баромада рафт. Наримон бошад, саққочаро каме тамошо карду, сипас оҳиста ба кисаи худ гузошт.
Камар аз Тирагоҳ баромадагиашро Бадир дид ва ҳамон замон ба назди писараш Самеъ омаду ба ӯ гуфт:
– Самеъ, Камар аз Тирагоҳ баромад. Акнун ту рафта, дар бораи падараш ба Наримон хабари бад деҳ, ки ӯро маҷбур созад, ки аз Тирагоҳ барояд.
– Ба фикрам ту маро нафаҳмидӣ— гуфт Самеъ ба падараш.
– Нафаҳмидам— ҳайрон шуд Бадир.
– Ман ин корро намекунам— Самеъ инкор кард —Медонам, ки баъд аз баромадан ҳарсеи шумо кадом кулфатҳоро ба сари Наримон меоред! Медонам, ки ҳарсеи шумоён Наримонро бад мебинед. Аммо ин маънои онро надорад, ки ман хости шумоёнро иҷро менамоям. Ман мисли шумо нестам ва барои инро гуфтан наметарсам!
– Самеъ, ту дар тарафи Наримон ҳастӣ— Бадир ҳайрон шуд —Ту ҳамон ҳаромхунро ҳимоя мекунӣ? Бидон уро ҳимоя кардан ва дар тарафи ӯ будан, фақат ба ту кулфат меорад.
– Намедонам чаро— ҷавоб дод Самеъ —Аммо хоҳиши ман ҳамин аст. Шояд, ки шумоён ҳамон «Ҳаромхун» гуфтагиатон аз ҳама тозахунҳо беҳтар аст. Гап дар хун нест. Инро аз ёдат барор. Ман ҳеҷ гоҳ ин корро намекунам ва ба ҳамон Авранг ҳам бигӯ!
– Агар ту аз ин кор саркашӣ намоӣ, ман худам иҷро мекунам— гуфт Бадир —Тамошоро ту мекуни Самеъ